Воридоти таҷҳизоти МТ «Пойтахт-90» аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мешавад

Октябрь 9, 2015 09:08

Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» илова ворид намуданд. Тибқи он воридоти 90 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ва дигар техникаю дастгоҳҳо  барои Маҷмааи тиббии «Пойтахт-90» ба маблағи 14, 6 миллион сомонӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши  иловашуда озод карда мешавад. Ҷамшед Каримзода-муовини аввали вазири молияи кишвар, ки ин масъаларо дар назди вакилон тавзеҳ дод, гуфт, ки аз 14,6 миллион сомонӣ, ки барои воридоти дастгоҳу таҷҳизот имтиёз дода мешавад, 10,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ва 4,1 миллион сомонӣ боҷи гумрукӣ  мебошад.
    Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи тиббии «Пойтахт-90» дар доираи «Стратегияи миллии солимии ҷомеа барои солҳои 2010-2020» аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бунёд гардида, беморхонаи бисёрсоҳавӣ маҳсуб меёбад. Маҷмааи тиббии «Пойтахт» дар шафати Маркази миллии ташхис,  дар кӯчаи Неъмат Карабоев воқеъ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин  иншоот аз моҳи апрели соли  2013 оғоз шудааанд ва он бояд моҳи ноябри соли 2015 ба анҷом расонида шавад. Маҷмааи тиббии «Пойтахт-90» дорои 650 рахти хоб буда, дар як вақт то 800 беморро қабул менамояд.  Зикр шуд, ки дар иншооти муҳими тиббӣ ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ аз худ карда шудаанд. Интизор меравад дар мавриди ба истифода додани ин Маркази тиббӣ наздик ба 2 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин шавад.

Октябрь 9, 2015 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд