Ярмарка-намоиши маҳсулоти ширкатҳои Ҳиндустон дар Суғд

Октябрь 2, 2015 09:59

Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Ин чорабинии иқтисодӣ дар тавсеаи равобити ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва ҷалби сармояи Ҳиндустон ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон нақши калон хоҳад бозид»,- зикр шуд имрӯз, 2 октябр зимни ифтитоҳи намоиш-фурӯши маҳсулоти Ҳиндустон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд.  Ярмарка-намоиши молу маҳсулоти ширкатҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон то 11 октябр идома меёбад. 
Умед аст, ки тавассути ташкили чунин ярмаркаҳо муносибатҳои минбаъдаи ҷонибҳо рушду тавсеа ёфта, боиси афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши тиҷоратӣ байни ду кишвар ва сармоягузориҳои мустақими Ҳиндустон ба иншооти стратегии иқтисоди Тоҷикистон мегарданд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар ярмаркаи мазкур 20 ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсулоти худ, аз қабили маҳсулоти нассоҷӣ, чармӣ, ҷавоҳирот, ороишот, атриёт ва дигар маҳсулоти аз ҳунарҳои дастӣ тавлидшударо пешкаши тамошобинон ва муштариён мегардонанд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

 

 

 

Октябрь 2, 2015 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд