Занон бояд тарғибгари фарҳанги миллӣ бошанд

Октябрь 22, 2015 04:44

Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бозорро чеҳраи шаҳр, ифодакунандаи фарҳангу маърифати ҷомеа ва мардуми он меҳисобанд ва  ин беҳуда нест. Ҳар  як меҳмоне, ки ба шаҳр ворид мешавад, кӯшиш мекунад, ки аз бозорҳои пурғановати шарқии мо дидан намояд, зеро дар бозорҳои мо дастранҷи дасти деҳқон бо тамоми зебоию тамъи лазиз пешниҳод шуда, вақтҳои охир занону духтарони ҳунарманди мо ҳам талош доранд маҳсулоти офаридаи худро, ки ифодакунандаи фарҳанги бойи мо ва зебоиҳои диёрамон ҳастанд, ба харидорон пешкаш намоянд.
Вале як раванди ташвишоваре, ки тайи солҳои охир дар ҷомеаи мо, бахусус дар бозорҳои мо ба чашм мерасад, ин ба фарҳанги бегона рӯй овардани бештари занони дар он ҷойҳо фаъолияткунанда мебошад. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё бархе аз ин соҳибкорзанони мо на танҳо ба фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандаи хориҷӣ, балки ба ташвиқу тарғиби онҳо низ машғул мебошанд. Сар карда аз либоси худ, то аҳли оила ва он қолабҳои чӯбине, ки баҳри ташвиқи ин либосҳо истифода мебаранд, василаҳои хуби тарғиби фарҳанги бегона буда, боиси шадид гаштани бархурди арзишҳо дар ҷомеа гашта истодаанд. Ин масъала хоси аксарияти бозорҳо ва марказҳои савдо дар ҳудуди кишвар мебошад. Новобаста ба он, ки аз супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таъмини фурӯшандагони бозорҳо ва дигар марказҳои савдою хизматрасонӣ бо либосҳои ягонаи корӣ беш аз  нӯҳ моҳ гузашта бошад ҳам, мутаассифона дар ин самт то ҳол мушкилиҳо зиёд мебошанд. 
Бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷрои супоришҳои мазкур кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз бозорҳои «Саховат», «Панҷшер» ва «Ганҷина» дидан намуда, бо соҳибкорони ин бозорҳо суҳбату мулоқот анҷом доданд. Онҳо соҳибкорон, бахусус соҳибкорзанонро, даъват намуданд, ки тарғибгари фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бошанд. Ҳангоми суҳбатҳо оид ба рисолати муаррификунандагӣ доштани соҳибкор ҳарф зада, зикр карданд, ки ҳар як шахси худшиносу дорои ифтихори миллӣ вазифадор аст баҳри муаррифии фарҳангу арзиш ва суннатҳои неки миллӣ  саҳмгузор бошад.

 

Октябрь 22, 2015 04:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад