1000 гектар замини лалмии Шаҳристон обёрӣ мешавад

Ноябрь 10, 2015 06:37

Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).- «Дар ояндаи наздик 1000 гектар заминҳои лалмии ноҳияи Шаҳристон обёрӣ мешаванд, ки ин боиси бо  кор таъмин гардидани сокинон хоҳад шуд», — мужда расонд раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни сафари кории худ ба ноҳияи Шаҳристон. А. Қодирӣ дар ин ноҳия якчанд иншоотро мавриди истифода қарор дод. Аз ҷумла, роҳи мошингарди марказии ноҳия, ки 4 километрро дар бар мегирад ва бо харҷи 5 миллион сомонӣ  аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.
Дар суҳбат бо сокинони ин ноҳия раиси вилоят дастур дод, ки минбаъд ба корҳои таъмиру навсозии роҳҳо дар ноҳия, бахусус дар сатҳи  ҷамоатҳо аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Дар аснои суҳбат раиси вилоят ба сокинони  ноҳия иттилоъ дод, ки бунёди Қасри фарҳанг низ дар назар аст.  
Раиси вилоят ба сокинони ноҳияи Шаҳристон тавсия дод, ки дар оянда анъанаи пешина, яъне сафедоршинониро эҳё намоянд, зеро обу ҳавои ин ҷо барои парвариши сафедор хеле мувофиқанд. Раиси вилоят инчунин дар мавриди зиёд намудани майдони боғҳо, эҳёи анъанаҳои гузаштагон ва дигар корҳои созандагӣ таваҷҷуҳ намуда, сокинонро даъват кард, ки дар корҳои ободонӣ фаъол бошанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.

Ноябрь 10, 2015 06:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад