35 ҷавони суғдӣ соҳиби шаҳодатномаи мактаби кадрҳои захиравӣ гардиданд
Душанбе. 4.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба 35 ҷавони вилоят шаҳодатномаи мактаби кадрҳои захиравӣ супорида шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Ғафурҷон Зоиров зимни тақдими дипломҳо зикр кард, ки ин таваҷҷуҳ нишона аз сулҳу субот дар кишвар мебошад ва 35 мутахассиси ҷавоне, ки дар соҳаҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳои вилоят фаъолият доранд, мактаби захираи кадрҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро хатм кардаанд.
15 сол аст, ки дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мактаби кадрҳои захиравӣ таъсис дода шуда, дар давоми ин солҳо шумораи зиёди нафарон мактаби мазкурро хатм карда, имрӯз дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






