А. Абдуллозода иштироки фаъолонаи дастаи “Истиқлол”-ро дар Ҷоми КФО-2015 табрик гуфт
Душанбе, 03.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъолонаи дастаи “Истиқлол”-ро дар «Ҷоми КФО-2015» ва мақоми дуюми ин мусобиқаи бонуфузи қораи Осиёро сазовор гаштани дастаро ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ҳайати дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, бо шумули футболбозон, мураббиён ва роҳбарияти даста, инчунин ба мухлисони бозии футболи мамлакат барои иштироки фаъолона дар Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2015 самимона шодбош гуфтааст.
Дар табрикот зикр шудааст, ки: «Ин дастовард дар таърихи футболи кишвар нахустин аст. То чанд соли пеш клубҳои футболи кишвар дар мусобиқоти сатҳи пасттари КФО иштирок мекарданд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хусусан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба варзиш буд, ки имрӯз тимҳои кишвар дар мусобиқоти бонуфуз бо дастаҳои пурқуввати қораи Осиё рақобат мекунанд. “Истиқлол” клуби ҷавон аст. Он соли 2005 таъсис ёфт. Бо сабаби ба роҳ мондани коргузории хуб ва ҷалби мутахассисон дар муддати кӯтоҳ тавонист ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз замони таъсис инак маротибаи чорум аст, ки қаҳрамони футболи мамлакат мегардад».
Дар идомаи табрикот Аҳтам Абдуллозода изҳор кардааст:
«Бо Фармони Президенти мамлакат соли 2014 дар кишвар Соли оммавияти футбол эълон гардид. Ба ин муносибат Федератсияи футболи кишвар дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии футбол ва Конфедератсияи футболи Осиё чорабиниҳои зиёдеро амалӣ карданд. Аз ҷумла, дар тамоми минтақаҳои кишвар фестивали футболи кӯдакону наврасон доир гашта, ҳазорон писаракону духтаракон ба машғулиятҳои машқию омӯзишӣ ҷалб шуданд. Ҳамин дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат буд, ки клубҳои футболи кишвар рушд карданд ва соли сеюм аст дар Ҷоми КФО иштирок доранд. Ба даври финалӣ расидани дастаи “Истиқлол” ва соҳиб гардидани ҷои дуввум дар миёни кишварҳои қораи Осиё дастоварди бузург аст. Бори дигар роҳбарият, ҳайати дастаи “Истиқлол” ва мухлисони футболро таҳният мегӯям ва умед дорем, ки солҳои наздик клубҳои кишварро дар Лигаи чемпионҳои Осиё мебинем. Ба пеш, ба сӯи қуллаҳои баланд!».








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






