Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд зиёд шудааст
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Ҳаҷми истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии вилояти Суғд 28790,6 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми ноябри соли 2014 — ум 4,6 фоиз зиёд аст.
Бино ба иттилои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯштро хоҷагиҳои ноҳияҳои Конибодом — 25,1 фоиз, Ашт — 12,8 фоиз, Исфара — 5,7 фоиз, Ҷаббор Расулов — 5,5 фоиз, Истаравшан — 3,8 фоиз зиёд намуданд.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар вилоят 189667,9 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1-уми ноябри соли 2014 -ум 2,3 фоиз зиёд аст, аз ҷумла дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Исфара — 10,6 фоиз, Зафаробод — 8,8 фоиз, Ашт — 5,4 фоиз ва дар Истаравшан — 2,0 фоиз афзудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






