Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Ноябрь 9, 2015 11:20

Душанбе, 9.11.2015 (НИАТ «Ховар»).-Аз 16 то 20 ноябри соли равон дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ  доир мешавад. Ҳафта бо намоиши таҳсилотӣ, воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 16 ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор гашта, дар он муассисаҳои таълимӣ, аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Донишгоҳи Оғохон дар Британияи Кабир, MBO Professional ва Маркази таълимии “Мултикид”иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оид ба барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.
Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф,  барои омода сохтани мардуми  Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд. Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои сокинони  Амрико бо мардумони кишварҳои дигар нақши ниҳоят муҳим мебозанд. 

Ноябрь 9, 2015 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!