Ҳайати «Qatar Airways» барои баргузидани кормандони нав ба Тоҷикистон меояд
Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Ҳайати кории ширкати ҳавопаймоии «Qatar Airways» — и Давлати Қатар ҷиҳати баргузидани кормандони нав дар бахши меҳмондории ҳавопаймо (crew attendant) дар таърихи 4 – 7 декабри 2015 азми сафари Тоҷикистонро дорад.
Баргузидани довталабон дар таърихи 06 декабри 2015 дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» аз соати 09:00 то 17:00 сурат мегирад.
Ёдовар мешавем, ки «Qatar Airways» — ширкати миллии ҳавоии Давлати Қатар буда, дафтари кории асосии он дар пойтахти ин кишвар-Доха мебошад. Ин ширкаи дар 44 хатсайри байналмилалӣ фаъолият мекунад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






