Қайроққум: бунёди мактаби санъати бачагона аз ҷониби ширкати арабӣ
Қайроққум, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Ширкати «Ал-Шафар»-и Аморати Муттаҳидаи Араб дар шаҳри Қайроққум ният дорад як мактаби замонавии санъат барои наврасон бунёд намояд. Баҳри амалишавии ин иқдом дирӯз бо иштироки раиси шаҳри Қайроққум Матлуба Амонзода ва роҳбарияти ширкати мазкур Аҳмад-ал-Шафар санги асос гузошта шуд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз Раёсати фарҳанги вилояти Суғд иттилоъ доданд, бинои ҳозираи мактаби ҳунарҳои зебо кӯҳнаву фарсуда гашта, он ба таъмири куллӣ ниёз дорад. Пас аз ба истифода додани мактаби нав, ки сохтмони онро ширкати маҳалии сохтмонии “Авитсенна” ба зимма дорад, он дорои утоқҳои барҳаво, таҷҳизот ва асбоби муосири ҳунарварӣ хоҳад шуд.
Аз ҷониби ширкати арабӣ барои сохтмони мактаби санъат барои бачагон 5 миллион сомонӣ, ё ҳудуди 750 ҳазор доллар ҷудо шудааст.
Бояд гуфт, ки дар миқёси шаҳри Қайроққум ин дуввумин маблағгузорӣ аз сӯи ширкати “Ал-Шафар”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба соҳаи иҷтимоиёти шаҳр ба ҳисоб рафта, баҳори соли 2014 аз ҷониби ин ширкат дар наздикии “Баҳри тоҷик” Маркази ташхисӣ ва табобатӣ бо харҷи 2 миллион доллар сохта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






