Қайроққум: Ливоят парфишон бод, Тоҷикистон!
Кайроккум, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз сокинони шаҳри Қайроққум низ чун дигар сокинони кишвар Рӯзи Парчами миллиро ботантана таҷлил намуданд. Дар шаҳри барқчиёни соҳили «Баҳри Тоҷик» даҳҳо нафар сокинони шаҳр дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ фаъолона ширкат намуданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти шаҳр иттилоъ доданд, дар ин рӯз маркази шаҳри Қайроққум ва ҷамоату шаҳракҳои он намуди идона гирифта, бо шиору овезаҳо ва Парчами давлатӣ оро ёфтанд.
Пас аз роҳпаймоии ҷавонон ва фаъолони шаҳр дар Кохи Истиқлоли шаҳр чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва табрики раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оғоз ёфта, бо барномаи дилангезу суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби аҳли ҳунари бахши фарҳанг идома ёфт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






