Акмалиддин Каримов — барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон
Душанбе, 15.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш ҷараён дорад, рӯзи шанбеи 14-уми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт.
Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақибаш Вахтанге Чидрашвили (Гурҷистон), қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд. Паҳлавони гурҷӣ чун соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






