Ҷаласа оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳузури М. Ҷабборӣ

Ноябрь 5, 2015 04:22

Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 4 ноябр  дар ҳузури  муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти комиссия дар соли 2015, лоиҳаи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2016 ва ҳисоботи даврии сеюм, чорум ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2010-2015 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дастоварди муҳими  комиссия  дар  соли равон  таъсиси воҳиди нави сохторӣ — шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  шумор рафта,  масъалаи таъсиси ин воҳиди сохторӣ аз нишондиҳандаҳои  Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ба ҳисоб меравад. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2015 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид гардида, шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсат табдил ёфт ва дар таркиби он шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил шуд. Шуъбаи мазкур  моҳиятан вазифаи котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдакро иҷро менамояд.
 Дар ҷаласа ҳамчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак мебошад ва то имрӯз ду маротиба ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак (с.1998 ва с. 2008) доир ба ҷараёни амалишавии конвенсияи мазкур ҳисобот пешниҳод намудааст. 
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2016  тасдиқ  шуд. Лозим ба таъкид аст, ки дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндагони Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок намуданд.

Ноябрь 5, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад