Ҷаласаи навбатии ШҲМ Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин
Душанбе, 17.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 17 ноябри соли 2015 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии (ШҲМ) давлатҳои аъзои СҲШ ва ҷаласаи гурӯҳи кории коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон кори худро оғоз намуданд.
Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои СҲШ Парвиз Давлатзода иштирок менамояд.
Дар ҷаласаҳои мазкур мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасӣ ба ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои СҲШ пешниҳод мешаванд, мавзӯъ ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба узвияти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба СҲШ, инчунин дигар мавзӯъҳои мубрами фаъолияти созмон мавриди муҳокима қарор доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






