Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Иди касбии кормандони милитсия
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 10 ноябри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бахшида ба Иди касбии кормандони Вазорати корҳои дохилӣ — Рӯзи милитсия бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев Паёми табрикотии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба Рӯзи таъсиси милитсия ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ ироа намуд.
Зикр шуд, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи сиёсӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шуҷоатмандиву далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми арзанда гузоштаанд.
Сипас, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро тамоми ҳайати шахсӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилиро бо ин ҷашни фархунда — Рӯзи таъсиси милитсия табрик намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






