Ҷаласаи якуми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ “Ховар”).- Нимаи дуюми рӯзи 12 — уми ноябр дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исломобод ҷаласаи якуми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор гардид.
Форуми мазкур таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва вазири тиҷорати Покистон Хуррам Дастагир ҷараён гирифт.
Сироҷиддин Аслов имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва захираҳои фаровони табиии кишварро муаррифӣ карда, соҳибкорону сармоягузорони покистониро ба ҳамкории пурсамар даъват намуд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар чаҳорчӯби равобити иқтисодии Тоҷикистону Покистон зиёда аз 40 ширкати покистонӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар кишвари мо расман ба қайд гирифта шудаанд.
Аз ҷониби ҳукумати мамлакат зиёда аз 40 намуди қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои сармоягузорон имтиёзҳоро муқаррар менамояд.
Аз соли 2007 то имрӯз аз ҷониби сармоягузорони Покистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон тақрибан 14 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим ворид шудааст.
Истифодаи захираҳои фаровони гидроэнергетикию оби мусаффо, канданиҳои зеризаминӣ ва маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, имкони рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла обу замину иқлими мусоид, ашёи хом, фаъолияти корхонаҳои коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати истихроҷи маъдан ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои ҳарду ҷониб манфиатовар маънидод гардид.
Сироҷиддин Аслов ва Хуррам Дастагир хоҳони кори пурсамари форуми соҳибкорони ду кишвар шуда, пешниҳод намуданд, ки соҳибкорони тоҷику покистонӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода баранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






