Амалиёти густурдаи поксозӣ дар вилояти Бадахшони Афғонистон
Душанбе, 02.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Неруҳои миллии Афғонистон дар вилояти Бадахшон амалиёти густурдаи поксозиро барои озод кардани минтақаҳои аз ҷониби ҷангиён забтгардида оғоз карданд.
Амалиёти поксозӣ дар ҳудуди вулусволии Регистон, ки беш аз 50 маҳаллаи он таҳти назорати неруҳои зиддиҳукуматианд, оғоз гардид. Дар нақша аст, ки амалиёт дар дигар манотиқи ин вилоят, аз ҷумла дар вулусволии ноороми Вардуҷ гузаронида шаванд.
Бино ба иттилои «Тулӯъ», то ҳол бар асари амалиёт на кам аз 8 ҷангии Толибон маҳв гардид, ки 2-тои он шаҳрвандони хориҷӣ будаанд. Зимни амалиёт 2 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ҳалок гардид.
Ба талафоти ками ҷангиён нигоҳ накарда, роҳбарияти пулиси вилояти Бадахшон ба комёбӣ умед доранд. Ба хотири озод намудани минтақаҳои забтгардида дар вилоят нуқтаҳои назоратии иловагӣ таъсис меёбанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






