Амалиёти «Кӯдакон» ва «Муоинаи техникӣ» дар Хатлон

Ноябрь 13, 2015 04:17

Душанбе, 13.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Бозрасии давлатии  автомобилии  вилояти  Хатлон  аз  10 то  20  ноябр дар  роҳҳои  вилоят  ду амалиётро  таҳти  унвони  «Кӯдакон» ва «Муоинаи техникӣ» роҳандозӣ  мекунад. 
Тавре  ки  нозири  калони бозрасии давлатии  автомобилии  шӯъбаи  тарғибу назорати  бозрасии  автомобилии  вилоят  Ёрмаҳмад  Давлатов изҳор  дошт, ахиран теъдоди  садамаҳои нақлиётӣ бо  иштироки  кӯдакону  наврасон  коҳиш  ёфта бошад  ҳам, ҳодисаҳои ба бепарвоӣ  роҳ  додани  волидайн  ҳанӯз  ҳам   ба  назар  мерасанд. Барои   коҳиш  додани  садамаҳои  нақлиётӣ  бо  иштироки  кӯдакон  бояд  волидайн масъулияти бештар  зоҳир  намоянд. 
Мувофиқи  маълумоти Бозрасии  давлатии  автомобилии  вилояти  Хатлон,  аз  оғози  сол  дар роҳҳои  вилоят 80  садамаи  нақлиётӣ бо  иштироки  кӯдакон  рух дода,  бар  асари онҳо 22  нафар  ҳалок  гардида, 65  нафар  ноболиғон ҷароҳат  бардоштаанд.
Ба  гуфтаи  Ёрмаҳмад  Давлатов,  роҳандозии  амалиёти  «Муоинаи техникӣ» ба беҳдошти  вазъи техникии  автомобилҳо мусоидат  мекунад

Ноябрь 13, 2015 04:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд