Ҷамъоварии ҳосили пахта 77,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад
Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи дурнамо имсол дар ҷумҳурӣ истеҳсоли пахта 398 ҳазору 220 тоннаро ташкил медиҳад ва мувофиқи маълумоти Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии кишвар то 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ дар як рўз ба миқдори 496 тонна ва аз аввали мавсим 308 ҳазору 725 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки 77,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Дар ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта 23 241 чинакчӣ машғули кор мебошад.
Аз аввали мавсим то ба имрўз кишоварзони вилояти Хатлон пешсаф буда, то санаи зикршуда, ба миқдори 229 ҳазору 992 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки баробари 83,6 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилояти мазкур барои ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта 20 ҳазору 50 пахтачин сафарбар шудааст.
Кишоварзони вилояти Суғд низ муташаккилона машғули ҷамъоварии ҳосили пахта мебошанд ва то 5 ноябри соли равон ба миқдори 72 ҳазору 325 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки 64,6 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад. Барои ҷамъоварии ҳосили беталафи пахта ҳоло 2604 пахтачин машғули кор мебошад.
Ҳамчунин маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ идома дошта, то санаи зикршуда пахтакорони ин ноҳияҳо 6408 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 58,4 фоизро дар бар мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






