Ҳамвора парчами Тоҷикистон парафшон бод!
Б. Ғафуров, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амфитеатри ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, воқеъ дар паҳлӯи Қасри овозадори Арбоб чорабинии тантанавӣ доир гашт. Тавре ки ба АМИТ Ховар аз Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд иттилоъ доданд, дар чорабинии мазкур беш аз панҷ ҳазор ҷавон, варзишгарон, фаъолони ва сокинони ноҳия ширкат доштанд.
Раиси ноҳия Абдусамад Маннонзода зимни табрик бо ҷашни парчам изҳор дошт, ки Парчами нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини шаҳр меҳру эҳтиром ба Ватани маҳбубро афзун гардонида, дар фазои озоди кишвар бигузор ҳамвора парафшонӣ намояд.
Иштирокдорон изҳор карданд, ки Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару мардум ба ҳисоб рафта, он пеш аз ҳама таҷассумгари симои сиёсӣ, ифодакунандаи рамзи ҳувият, давлатдорӣ ва ягонагии халқҳои як сарзамин ба шумор меравад. Аз ин рӯст, ки парчами миллии давлатамон аз ҳар яки мо одоби хоссаи муносибатро талаб дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






