Ҷашни парчам ифодагари якдилӣ ва муттаҳидии миллати тоҷик аст
Душанбе, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Зимни роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар майдони Исмоили Сомонӣ имрӯз, 24 ноябр магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон- Маҳмадхуҷа Давлатов доир ба ҷашни парчам андешаҳояшро баён карда, аз ҷумла гуфт, ки: «Парчам яке аз нишонаҳои муҳими давлатдорӣ буда, баёнгари мустақилияти халқи тоҷик, ҳастии миллат ва ифодакунандаи таърихи чандҳазорсолаи он аст».
Ҳамчунин Маҳмадхуҷа Давлатов баён дошт, ки ҷашне, ки имрӯз бахшида ба Парчами миллӣ дар фазои сулҳу оромӣ баргузор гардида истодааст, ин ифтихори бузург мебошад, зеро ин ҷашн ифодакунандаи мустаҳкамӣ ва якдилии миллати тоҷик аст ва мо имрӯз дар зери парчами кишвари хеш сарҷамъем».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






