Ҳавопаймоҳои Русия мавқеъҳои «Давлати исломӣ» — ро мушакборон карданд
Душанбе, 03.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Ҳавопаймоҳои Русия дар ҳудуди шаҳри бостонии Палмираи Сурия мавқеъҳои гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» — ро мушакборон карданд.
«Дар ҳудуди Тадмор (унвони арабии Палмира) — и музофоти Ҳомс тайёраҳои ҳамлаовари Су — 25 истеҳкоми ҷангиёни ДОИШ — ро мушакборон карданд», — гуфт намояндаи расмии Вазорати мудофиаи Русия Игор Конашенков.
Бар асари мушакборон истеҳкому паноҳгоҳҳо, ҳамчунин мавқеъҳои тӯпҳои дурзани силоҳбадастон хароб гардиданд. Вазорати мудофиаи Русия аз вақту соати мавриди мушакборон қарор додани канори шаҳри Палмира хабар надодааст, вале бо тахмини фаъолони созмони «Маркази суриягии омӯзиши ҳуқуқҳои инсон», ин воқеа рӯзи душанбе рух додааст. Вазорати мудофиаи Русия аввалҳои моҳи октябр хабарҳоро дар бораи канори шаҳри Палмираро мушакборон кардани ҳавопайҳои Русия қатъиян рад карда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






