Ба гуфтаи ҳавошиносон моҳи ноябр ҳаво сард мешавад
Душанбе, 02.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои абролуд ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорати хаво рӯзона 9 — 11 дараҷа гарм мешавад.
Шабонарӯзи 3 ноябр ҳавои камабр ва борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 3 — 5 дараҷа ва рӯзона 8 — 10 дараҷа гарм мешавад.
Мувофиқи маълумоти хавошиносони Тоҷикистон даҳаи аввали моҳи ноябр ҳаво сард шуда, борон ва барфи тар борида, ҳаво 10 — 12 дараҷа гарм мешавад.
6 ноябр ҳаво дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шабона 9 — 11, рӯзона 10 — 12 дараҷа гарм, дар вилояти Хатлон шабона 9 — 11 дараҷа, рӯзона 10 — 12 дараҷа гарм, дар водиҳои вилояти Суғд шабона 8 — 9 дараҷа, рӯзона 9 — 11 дараҷа, дар ғарби ВМКБ шабона 5 — 7 дараҷа, рӯзона 9 — 11 дараҷа гарм, дар шарқи он шабона 0 — 5 дараҷа хунук, рӯзона 5 — 7 дараҷа гарм, дар шаҳри Душанбе шабона 3 — 4 дараҷа ва рӯзона 9 — 10 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






