Ба имзо расидани 8 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон
Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Покистон 8 санади нав ба имзо расид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишварро тақвият мебахшанд.
Нахуст зери Баёнияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон 12-13 ноябри соли 2015 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.
Ҳамчунин санадҳои зерин ба имзо расиданд:
— Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод;
— Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
— Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;
— Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаи тиҷорат ва саноати Покистон;
— Барномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқотии илмӣ ва саноатии Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истифодаи растаниҳои таҳҷоӣ ва ғайритаҳҷоии давоӣ барои тайёр намудани доруҳои гиёҳӣ;
— Барномаи ҳамкории илмӣ миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи табиати Покистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






