Ба мармари «Пойи Мазор» талабот зиёд аст
Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар кони мармари «Пойи Мазор»-и ноҳияи Ванҷ як ширкати чинӣ ба кор оғоз кард. Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти «Рованд»- и ноҳия Рустам Ёдгоров ширкати чинӣ аллакай се километр роҳи дар даврони шӯравӣ ба самти кон сохташуда, вале пурра харобгаштаро аз нав барқарор кард. Ҳамроҳи мутахассисони чинӣ ҳамчунин 15 сокини маҳаллӣ кор мекунанд. Кони мармари «Пойи Мазор» калонтарин захираи мармар дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, бо хусусияти фарқкунандаи мармараш диққати мутахассисонро ба худ ҷалб кардааст. Мармари ин ҷо нарму мулоим ва коркарди он осону истифодааш дар корҳои ороишӣ қулай мебошад. Кон ду намуди мармар — сафеди барфӣ ва ҷигарӣ дорад, ки талабот ба онҳо дар бозор хеле зиёд аст. Мутахассисони чинӣ таҷҳизоти бурриши сангро бо худ оварда, намунаҳои тахтасанги мармарро омода карданд. Рӯзҳои наздик корҳои омӯзиши пурраи кон ва баҳисобгирии захираи он ба анҷом мерасанд. Интизор меравад, ки аз баҳори соли оянда корҳои истихроҷи мармар дар кон авҷ мегиранд. Масъулини ширкат ба мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар сурати муваффақ гаштан онҳо тасмим гирифтаанд то 150 сокини маҳаллиро ба кор ҷалб кунанд. Ҳамчунин нақша доранд, ки роҳи ҳаштодкилометраи нақлиётиро аз маркази ноҳия то маҳалли Пойи Мазор давра ба давра мумфарш намоянд. Соли оянда бо авҷи корҳои истихроҷи мармар 20 километри ин роҳ мумфарш мегардад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






