Ба занону духтарони оилаҳои камбизоат ройгон касб омӯзонида мешавад

Ноябрь 4, 2015 12:01

Душанбе, 04.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва беҳтар намудани имконияти онҳо барои дастрасии  иттилоот  ва касбомӯзӣ аз тарафи Ҳукумати ҶТ корҳои назаррас  анҷом дода шудаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо мақоми занро дар ҷомеа таъкид дошта, баҳри  касбомӯзонии занони хонашин  супоришҳои мушаххас додааст. 
Дар ҳошияи сиёсати мазкур Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба варзиш ва дар ин замина беҳтар гардонидани вазъи саломатии онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мунтазам тадбирҳо меандешанд.
Ҳоло Федератсия Лоиҳаи «Васеъгардонии имкониятҳои занон барои дастрасӣ ба захираҳо»-ро  амалӣ дорад.
Бино ба гуфтаи ноиби президенти Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Набиева, мақсади асосии лоиҳа ташкили шароити мусоид барои беҳтар намудани дастрасии бонувону занон ба захираҳои омўзишӣ ва таъмини иштироки баробарҳуқуқи онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
«Ҳадафи Лоиҳа бо донишу малакаи ҳаётан муҳим фаро гирифтани занону бонувони касбу кори гуногун ва бекор аст.  Дар доираи Лоиҳа аз 1 ноябри соли 2015 ҳамарўза барои бонувону занон семинар дар мавзўи «Ҳуқуқи занон», «Психология», «Тарзи ҳаёти солим» ва курсҳои кӯтоҳмуддати омўзишӣ, аз ҷумла компютерӣ, муҳосиботӣ (барномаи 1С), забони англисӣ, дўзандагӣ, масҳ ва хизматрасонии клинингӣ (тоза кардани хона ва нигоҳубини кӯдак)  баргузор мешавад»,- гуфт ноиби президенти федератсия.
Дар курсҳо занону духтарон аз оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, заноне, ки  фарзандонашонро танҳо тарбия мекунанд, донишҷӯён ва занони бе касбу кор ҷалб  мешаванд.
«Мақсади асосии мо омӯзонидани занони бе касбу кор  мебошад. Тавре ки мебинем, солҳои охир аз сабаби вазнин будани шароит, аз тарси танҳо мондану аз  уҳдаи тарбияи фарзанд набаромадан занон даст ба худкушӣ мезананд.  Курсҳои мо на танҳо ба занон касб меомӯзанд, балки дар семинарҳо коршиносон ба занон машваратҳои ҳуқуқӣ дода,  бо онҳо равоншиносон кор мебаранд»,- гуфт Наргис Набиева.
Гулбибӣ донишҷӯи коллеҷи омӯзгорӣ буда, аз оилаи серфарзанд мебошад. Вай ба курси омӯзиши забони англисӣ номнавис шудааст. 
«Ман дар ин  курсҳо  забони англисӣ меомӯзам.  Хубии  ин курсҳо дар он аст, ки онҳо ройгон буда, дар вақтҳои ба ман қулай гузаронда мешаванд.. Акнун ман пас аз дарс омада, дар ин ҷо забони англисиро омӯхта истодаам»,-гуфт Гулбибӣ. 
 «Дар айни замон ба курсҳои забони англисӣ ва клининг хоҳишмандон номнавис шудаанд. Омӯзгори курси клинингии мо Лола Шарипова худ дар Амрико кору таҳсил кардааст ва бо меъёрҳои байналхалқӣ ба занони тоҷикӣ дарс мегӯяд.  Дар курсҳои клинингӣ ба занон на танҳо рӯбучини хона, балки нигоҳубини касбии кӯдакон омӯзонида мешавад. Пас аз хатми ин курсҳо занҳо имкон пайдо мекунанд ба нигоҳубини кӯдакони маъюб низ машғул шаванд.  Тавре ки медонем, дар бештари ҳолатҳо ҳангоми таввалуди кӯдаки имконияташ маҳдуд волидайн аз уҳдаи чунин кӯдак набаромада, аз вай даст кашида, ба хонаи маъюбон медиҳанд.  Дар курсҳои мо ба занон тарзи дурусти нигоҳубини кӯдаки имконияташ маҳдуд, пухтан ва додани хӯрок, гузаронидани машғулиятҳоро меомӯзонанд»,-илова намуд Наргис Набиева. 
Хотиррасон мекунем, ки курсҳо ройгон буда, занону духтарон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат метавонанд ба дафтари кории Федератсия, ки  дар кўчаи Шота Руставели, 14 воқеъ аст, муроҷиат намоянд. 

Ноябрь 4, 2015 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад