Баргузории дувумин даври музокироти байналмилалӣ дар мавриди буҳрони Сурия

Ноябрь 16, 2015 05:37

Душанбе, 16.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дувумин даври музокироти байналмилалӣ дар мавриди буҳрони Сурия бо ҳузури 20 кишвари   байналмилалӣ дар Вена, пойтахти Австрия бо қироати баёнияе ба поён расид.
Ҷон Керри,  вазири корҳои  хориҷии Амрико пас аз хотимаи  нишасти  Вена гуфт,  дигар кишварҳои  ширкаткунанда дар музокироти Сурия мегӯянд, Башор Асад, раиси Ҷумҳурии Сурия барои мушорикат дар «музокираи  воқеӣ» омодааст. Керри ҳамчунин гуфт, ки  оташбас дар Сурия шомили гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумлаи ДИИШ  ва «Ҷабҳатуннусра» нахоҳад шуд. Сергей Лавров, вазири  корҳои хориҷии Русия низ гуфт, Истаф Димишуро, фиристодаи махсуси Созмони милал дар Сурия, дар бораи  ин мавзӯъ, ки кадом гурўҳи суриягӣ дар музокироти ояндаи  Сурия намоянда  дошта бошад, тасмимгирӣ хоҳад кард. Лавров ҳамчунин гуфт, тамоми қудратҳои ҷаҳонӣ барои  ҳамкорӣ бо якдигар барои мубориза бо гурӯҳи ДИИШ афзоиш ёфтааст.  Вазири корҳои хориҷаи Русия дар нишасти хабарӣ, ки пас аз иҷлосияи  Вена баргузор шуд, гуфт: «Имрўз ман ҷаласаҳои  дуҷониба доштам ва эҳсос мекунам фаҳми рӯ ба рушдӣ барои эҷоди як эътилофи байналмилалии коромад барои мубориза бо ДИИШ вуҷуд  дорад». Вазири корҳои  хориҷии Олмон низ ба хабарнигорон гуфт,  ки кишварҳои  ширкаткунанда дар ин нишасти  якрўза тасмим доранд фавран музокира бо гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурияро оғоз кунанд. Фронко Валтер Эштон Моер афзуд,  кишвари  ширкаткунандаи хостори баргузарии интихобот дар 18 моҳи оянда дар Сурия ҳастанд, аммо маълум нест музокироти пешорўӣ то чӣ андоза душвор бошад Федерико Мугернӣ, раиси сиёсати хориҷии иттиҳодияи Аврупо пас аз хотимаи нишасти Вена ин музокироти байналмилалиро «хуб» арзёбӣ кард. Вай иброз дошт, ки  акнун метавон фароянди дастёбӣ ба як тавофуқ барои  буҳрони Сурияро оғоз кард. Дар ин ҳол  Одил Алҷубайр, вазири корҳои хориҷии Арабистони Саъудӣ бо поён ёфтани нишасти Вена эълом кард, ки Риёз аз раванди сиёсӣ ҳимоят хоҳад кард ки ба канорагирии Башор Асад хотима ёбад  ва дар ғайри ин сурат ба ҳимояти худ аз мухолифони давлати Сурия идома хоҳад дод. 

 

Ноябрь 16, 2015 05:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд