Барои аз байн бурдани партовҳои радиатсионӣ мутахассисони Аврупо ҷалб карда мешаванд
Хуҷанд, 03.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷараёни мулоқоти раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо намояндаи Комиссияи аврупоӣ Мартин Андерсон ва гурӯҳи мутахассисони ширкати «Визутек» — и Олмон масъалаи мушкилоти экологии вилоят мавриди муҳокима қарор гирифт.
Тавре ки Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, дар маҳаллаи Рухаки шаҳри Истиқлоли вилоят партовҳои радиатсионии фулузоти нодир арзи вуҷуд доранд.
Роҳбари вилоят гурӯҳи кориро аз тадбирҳои зарурӣ барои коҳиш додани таъсири партовҳои радиатсионӣ ба муҳити зист воқиф намуда, изҳор дошт, ки айни ҳол дар минтақаҳои зикршуда корҳо барои сохтани деворҳо ва регпӯш кардани партовҳои радиатсионӣ идома доранд.
Мутахассисони ширкати «Визутек» изҳор доштанд, ки ширкати мазкур ба арзёбии вазъи муҳити зист ва безарар гардонидани партовҳои радиатсионӣ машғуланд. Онҳо омодагии худро барои расонидани ёрӣ ба Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли ин мушкилот иброз доштанд.
Барои омӯхтани вазъи партовҳои радиатсионӣ ва безарар гардонидани онҳо ва таҳқиқи дақиқи таъсири партовҳои радиатсионӣ ба муҳити зист мутахассисони Аврупо ҷалб карда мешаванд. Лоиҳаи мазкур бо дастгирию маблағғузории Иттиҳоди Аврупо дар амал татбиқ карда мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






