Бартариҳо ва маҳдудиятҳо дар самти телекоммуникатсия дар шароити Тоҷикистон
Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-«Имрӯз дар самти телекоммуникатсия мушкилиҳои гуногун мавҷдуданд ва ҳамаи онҳоро метавон муттаҳид кард. Ҷамъияти мо имрӯз ба ҷомеаи иттилоотӣ ворид гардидааст ва пӯшида нест, ки технологияҳои рақамии иттилоотӣ- телекоммуникатсионӣ дар ҳама ҷо мавҷуданд, арзи ҳастӣ доранд. Дар ҳамин ҳолат танзим намудани онҳо, бо истифода аз методҳои аналогӣ, мушкилиҳои зиёдро ба бор меорад ва имкон намедиҳад то ба дараҷаи кофӣ ин бартариҳо ба манфиати Тоҷикистон истифода шаванд»,-гуфт намояндаи Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ Асомиддин Асоев дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, дирӯз дар Душанбе Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба «Телекоммуникатсия, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон аз узвият дар СҶС» ба кори худ оғоз кард. Бино ба гуфтаи Асомиддин Асоев Конфронси байналмилалӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Дафтари САҲА дар Душанбе гузаронида шуда истодааст.
“Ҳадафи конфронс аз тариқи мубоҳисаҳои коршиносон интихоб ва танзим намудани ин соҳа, ки барои Тоҷикистон мувофиқ аст ва дар марҳилаи оянда истифода намудани он мебошад. Пажӯҳиш тавсияҳоро ба Ҳукумати ҶТ барои андешидани чораҳои зарурӣ додааст, то мо дар ҳамин соҳа мутобиқ гардем. Бояд зикр намуд, ки худи ҳамин пажӯҳиш яке аз қадамҳои барномаҳои мутобиқ кардани иқтисоди Тоҷикистон ба шароити СҶС мебошад, ки бо Қарори Ҳукумат аз 30 октябри соли 2014 қабул гаштааст”,- мегӯяд Асомиддин Асоев.
Намояндаи Ассотсиатсияи дастраскунандагони интернет ва ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ оид ба бартариҳо ва маҳдудиятҳои танзимгари ягонаи ҳамгирошуда барои шароити Тоҷикистон, бартарӣ ва мушкилиҳо дар ин самт сухан намуда, дар мавриди ҳалли мушкилот пешниҳодҳо кард.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






