Баталйони сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон соҳиби васоити нави нақлиётӣ шуд
Душанбе, 09.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 9-уми ноябри соли 2015 маросими тақдими панҷ васоити нақлиёт, аз ҷумлаи Ҷип J8 ба баталйони сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати ИМА дар Душанбе дар пойгоҳи «Шамсӣ» сурат гирифт. Васоити нақлиёт аз се мошин барои роҳпаймоиҳои патрулӣ, як адад барои ҳайати шахсӣ ва мошини ёрии таъҷилӣ иборат аст. Кумаки мазкур ба маблағи 1.1 миллион доллари амрикоӣ барои беҳтар намудани омодагии баталйони сулҳҷӯёна дар гузаронидани амалиёти мансуб дар чорчӯбаи СММ равона шудааст. Он инчунин таъмини қисмҳои эҳтиётӣ, таҷҳизот, омӯзиш ва васоити алоқаро дар бар мегирад. Кордори Сафорати ИМА хонум Лесли М. Ҳейден ба Вазорати мудофиа барои ҳамкорӣ барои баланд бардоштани иқтидори баталйон ва кордонӣ арзи сипос намуда, изҳори итминон намуд, ки Тоҷикистон дар ояндаи наздик метавонад баталйони мазкурро ба неруҳои посдори сулҳи СММ шомил кунад. Маблағгузорӣ барои дастрас намудани васоити нақлиёти мазкур дар чорчӯбаи ташаббуси ҷаҳонии оид ба амалиёти сулҳҷӯёнаи Департаменти давлатии ИМА роҳандозӣ шуда, он аз соли 2009 зиёда аз 6,6 миллион доллари амрикоиро ба Тоҷикистон барои ҷонибдорӣ аз барномаҳои омӯзишӣ, дастрасии таҷҳизот ва таъсиси Маркази омӯзишӣ оид ба амалиёти сулҳҷӯёна дар пойгоҳи «Шамсӣ» ҷудо намудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






