Беҳтарин дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои Суғд кадом аст?
Душанбе, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон шурӯъ аз моҳи апрели соли равон дар вилояти Суғд озмуни беҳтарин дастаи ҳунарии шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дорад.
То имрӯз дар Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд аз ҷониби ҳунармандони 17 шаҳру ноҳияи вилоят барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешкаши тамошобинон гардонида шуданд. Ин навбат ҳунармандони шаҳри Хуҷанд дар Театри наврасон ва ҷавонони ба номи Одилҷон Назарови маркази вилоят барномаи омоданамудаи хешро намоиш доданд.
Барномаи дастаи ҳунарии шаҳри Хуҷанд низ тибқи шартҳои озмун аз навозиши умумӣ, намоиши либосҳои милии занона ва мардона, суруди якка ва суруди ҳаҷвӣ иборат буд. Ҳамзамон дар барнома аз ҷониби ровиён шеърҳо дар васфи Ватан ва сулҳу ваҳдат қироат шуданд. Баргузории чунин озмунҳо дар баробари дарёфти истеъдодҳои ҷавон ҳамчунин барои рушду нумӯи фарҳанг ва санъати миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Бояд гуфт, ки озмун бо дастури роҳбарияти вилоят роҳандозӣ гардида, дар рӯзҳои наздик ҷамъбаст мегардад. Ба ғолибони озмун барои мақоми аввал 5 ҳазор сомонӣ, ҷои дуюм 3 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 2 ҳазор сомонӣ мукофот дода мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






