БМТ: Ҳангоми анҷом додани амалиёти бонкӣ монеаҳои сунъӣ бардошта шаванд
Душанбе, 2.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 30 октябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо масъулини идораҳои амалиётии бонкҳои кишвар мулоқот намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон изҳор дошт, ки бо вуҷуди он ки дар нӯҳ моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми амонатҳои ҷалбшудаи аҳолӣ, бақияи умумии қарзҳо дар ташкилоти қарзӣ мутаносибан ба андозаи 30 фоиз ва 24 фоиз зиёд шудаанд, шумораи арзу шикоятҳои мардум оид ба паст будани сатҳи фарҳанги хизматрасонӣ, аз ҷониби кормандони бонкҳо эҷод кардани монеаҳои сунъӣ ҳангоми кор бо муштариён ба Бонки миллӣ ворид мешаванд. Ҳол он ки ҳанӯз, 5 майи соли ҷорӣ дастури Бонки миллии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани қабули пурраю бе мамонияти пасандозу амонатҳои аҳолӣ ва таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ба ташкилоти қарзӣ ирсол гардид.
Барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани хизматрасониҳои бонкӣ ва беҳтар анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ дар айни замон дастури иловагии Бонки миллии Тоҷикистон таҳия шуда истодааст ва он дар рӯзҳои наздик ба ташкилоти қарзӣ ирсол мегардад.
Дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди аз ҷониби ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ мустақилона муқаррар шудани қурби харид ва фурӯши доллари нақди ИМА сухан рафт. Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз намояндагони ташкилоти қарзӣ талаб намуд, ки қурби харид ва фурӯши доллари нақди ИМА бо назардошти вазъи бозори дохилӣ ва мақсаду вазифаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлат дар доираи тартибу қоидаҳои санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистонро муқаррар ва амалӣ намоянд.
Бо мақсади таъмини суботи молиявӣ, бовари аҳолӣ ба низоми бонкӣ, қонуният ва роҳ надодан ба ҳолатҳои дахолати беасос ба фаъолияти ташкилоти қарзӣ дар шароити буҳрони иқтисодӣ, аз ташкилоти қарзӣ ҳангоми санҷиши онҳо аз ҷониби мақомоти назоратӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, риояи қатъии талаботи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” (оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, маълумот ва маводи дорои сирри бонкӣ) талаб мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






