Боҷи давлатӣ барои хариду фурӯши мошин бо ваколатнома баланд гардид
Душанбе, 27.11.2015.(АМИТ «Ховар»).-Шурӯъ аз 26 ноябри соли равон дар Тоҷикистон боҷи давлатӣ барои хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ бо ваколатнома аз 80 сомонӣ ба 600 сомонӣ баланд бардошта шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар нимаи дуюми моҳи октябр палатаи поёнии Парлумони кишвар ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» тағйирот ворид намуд. Тибқи он баланд гардидани боҷи давлатӣ барои хариду фурӯши автомобил бо ваколатнома аз 2 ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобот (як нишондиҳанда баробар ба 40 сомонӣ) пешбинӣ гардида буд. Қонуни мазкур баъд аз ҷонибдорӣ аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти ҷумҳурӣ, дар нашрияҳои расмии кишвар интишор гардид. Ҳадафи ворид намудани тағйирот ба қонуни мазкур ҷилавгирӣ аз хариду фурӯши воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз тариқи ваколатнома, бартараф намудани мушкилоти мавҷуда дар ошкоркунии ҷиноятҳое, ки бо истифода аз автомобил содир мешаванд, баланд бардоштани фаъолияти маркази низоми худкори идоракунӣ дар бахши нақлиёт- «Шаҳри бехатар», аз байн бурдани баҳсҳо оид ба иҷрои амрнома дар бораи таъйини ҷаримаи маъмурӣ ва баланд бардоштани интизоми ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳ арзёбӣ мегардад.
Назар ба иттилои Маҳмадсаид Саидзода- сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии /БДА/ Вазорати корҳои дохилии кишвар аз рӯзи фаъолияти «Шаҳри бехатар» беш аз 5,5 ҳазор амрномаи БДА оид ба таъйини ҷаримаи маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсус дар соҳаи нақлиёт сабт шудаанд ва ба маблағи 1 миллион сомонӣ бинобар муайян нагаштани шахси идоракунандаи нақлиёт дар вақти сабти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавриди баҳс қарор дорад. Мавсуф зикр кард, ки тибқи маълумоти Раёсати БДА дар соли 2014 ва 9 моҳи соли равон беш аз 80 ҳазору 900 нафар соҳибони воситаҳои нақлиёти автомобилӣ хилофи талаботи бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт, бидуни аз ҳисоб хориҷ кардан ва рақамҳои бақайдгирии давлатиро ба воҳидҳои бақайдгирии БДА супоридан воситаҳои нақлиёти автомобилиро аз тариқи ваколатнома хариду фурӯш намудаанд.
Баланд гардидани боҷи давлатӣ барои хариду фурӯши автомобил тавассути ваколатнома дар ҷумҳурӣ дар ҳолест, ки тибқи иттилои сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб дар тӯли соли равон ба ҷумҳурӣ воридоти мошин 28 ҳазору 600 адад коҳиш ёфтааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






