“Боғи миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Аввалин номгӯи табиии кишварамон-“Боғи миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Намояндагони Япония, Эстония, Германия, Иттиҳоди Аморати Араб, Федератсияи Русия, Алҷазоир, Камбоҷа ва Франсия онро дастгирӣ намуда, зимни музокира изҳор доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои муҳими худ оид ба ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ мавқеи сазоворро соҳиб гардидааст ва ворид намудани “Боғи миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд
Дар ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки аввали моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Париж баргузор гардид, мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификат оид ба ворид шудани Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ба Феҳристи мероси ҷаҳониро супорид. Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шамсиддин Орумбекзода — вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рустамҷон Солиев — сафир, намояндаи доимии кишвар дар назди ЮНЕСКО ва Сарвар Бахтӣ — котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа намояндагӣ доштанд, бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова масъалаҳои ҳамкории ЮНЕСКО бо Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маорифро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон масъалаҳои ворид намудани маҷмааи “Кохи Наврӯз” ва шаҳраки қадимаи Каронро ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонӣ ва номгӯйҳои “Оши палов” ва “Чакан”-ро ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият баррасӣ намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






