Бохтар: Ҳукми суд чӣ гуна хоҳад буд?

Ноябрь 20, 2015 12:28

Душанбе, 20.11.2015. (АМИТ «Ховар») —  Суди ноҳияи Бохтар ба баррасии парвандаи пурсарусадое шурӯъ кардааст, ки дар робита ба кордкашӣ  ба сӯйи Давлат Тошев — омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонии  муассисаи таълимии  №27-и ноҳияи Бохтар  кушода шуд. 
Давлат Тошев, ки аз сӯйи бародари шогирдаш мавриди зарбу лат қарор гирифтааст, ин қазияро чунин ёдоварӣ намуд: «Шогирдам Аҳлиддин ба дарс эътибор намедоду ҳарзагӯӣ мекард. Як-ду маротиба огоҳӣ додамаш, аммо боз ҳам беҳурматӣ нишон дода, маро дашном кард. Худро дошта натавониста, ӯро як шаппотӣ задам. Ӯ баромада рафту модару бародаронашро гирифта овард. Бо ҳамроҳии Р. Шарафова, ҷонишини директор  дар муаллимхона нишаста будам, ки ногоҳ даромаданд. Хостам асли воқеаро ба онҳо фаҳмонам, вале онҳо бе ҳеҷ пурсупос ба ман дарафтоданд. Аввал бародараш ҳамла кард, ӯро тела додам. Сипас, модараш гулӯямро бо дастонаш дошт, ки дар ин ҳол бародари дигараш ба бадани ман бо корд зад». 
Олим Ҳомидов,  директори ин муассисаи таълимӣ  ҳодисаи мазкурро  шарҳ дода, гуфт: «Бо талабагони синфи 10-ум оид ба давомот ва либоси мактабӣ суҳбат доштем. Садои ҷанҷолро шунида,  аз синф давида берун баромадам. Дидам, ки дар назди утоқи ҷонишини директор хун рехтааст. Муаллим Давлат Тошев ба ман гуфт, ки ӯро Усмоналӣ Амонов бо корд задааст. Ҳамин вақт модари Аҳлиддин Амонов, бародаронаш   Усмоналӣ ва Фахриддинро дидам.  Ба модарашон гуфтам, ки шумо бояд ба назди ман меомадед ва ин масъаларо дар якҷоягӣ  ҳал мекардем. Акнун, ки писарат даст ба ҷиноят задааст, ҷавобашро дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ медиҳад». 
Модари муаллим Давлат Тошев — Сабоҳат Алиева қариб 38 сол боз дар ҳамин мактаб ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорад ва  ҳамзамон роҳбари синфи Аҳлиддин Амонов мебошад.
— Фарзанди ман ҳамин сол ба кори мактаб омад, — мегӯяд С. Алиева. — Вақте ки модару бародари Аҳлиддин ба мактаб омаданд, ман аз ин ҳодиса огоҳ набудам. Ба шогирдон дарс мегуфтам, ки яку якбора садои доду фиғон баланд шуд. Аз синф баромада дидам, ки  фарзандамро корд задаанду хунаш ба замин рехтааст. Баъди дидани ин ҳол фишорам баланд гашту беҳуш шудам. Дигар намедонам чӣ ҳодиса рӯй дод. Дар соати шаш вақте ба ҳуш омадам, хона пур аз мардум буд. 
Ба андешаи С. Алиева масъулияти таълиму тарбияи фарзанд танҳо вазифаи  омӯзгорон нест ва аз ҳама пештар бояд падару модар ба тарбияи ахлоқию маънавии фарзандон   таваҷҷуҳ дошта  бошанд. Ба модари Аҳлиддин гуфтам, ки «фарзандатро назди директори мактаб ё назди ман, ки роҳбари синфаш будам, меовардӣ, аз муаллим шикоят мекардӣ ва асли ҳолро пурсон мешудӣ. Ин масъаларо бо роҳи якдигарфаҳмӣ, дар  суҳбат ҳал кардан мумкин буд». Маро ба суд ҷеғ заданд, гуфтам, ки «гуноҳи шогирдамро мебахшам, вай ягон гуноҳ надорад. Гунаҳкори асосӣ модараш аст, ки метавонист пеши роҳи хунрезиро бигирад. Агар хонанда ба омӯзгор итоат накунад, ягон омӯзгори ҷавон дар мактаб кор карда наметавонад. Агар бо муаллимони ҷавон  чунин рафторро раво  бинанд, онҳо аз кори мактаб дасту дил мешӯянд».
Шарифхон Шарифов, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа  ба номи Носири Хусрав қазияи мазкурро шарҳ дода, гуфт: « Ин воқеае, ки дар ноҳияи Бохтар рух додааст, аз назари ахлоқ бисёр ҳодисаи нангин аст. Чунин муносибат нисбат ба омӯзгор хилофи арзишҳои суннатии мардуми мост, ки ҳамеша қадру манзалати устодро боло медонад. Бояд миёни шогирд ва муаллим, миёни хурд ва калон эҳтиром бошад. Имрӯз ҳам аз тарафи давлат барои омӯзгорон шароитҳои мусоиди корӣ муҳайё  мешаванд, аммо эътибори муаллим дар назди ҷомеаи мо коҳиш ёфтааст. Дар хонавода ба фарзандон кам мегӯем, ки бояд устодашро ҳурмат кунад, дар муносибат бо ӯ хушодоб бошад. Бархе ҷавонони мо аз телевизион ва интернет ҳар гуна филмҳо ва хабарҳоро оид ба муносибати дурушти ҷавонон бо насли калонсол мебинанд, ки ба онҳо бетаъсир намемонад. Чун бача ба синни 15-16 мерасад, давраи гузаришро аз сар мегузаронад. Бисёр марҳилаи ҳассос барои наврас аст ва дар ин давраи ташаккули ҷисму рӯҳ бояд волидон ва омӯзгорон ҳаддалимкон ба тарбия ва рафтори ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Баъзан наврасон пайравӣ ба «демократияи ғарбӣ» намуда, одоби шарқиёна ва арзишу суннатҳои миллии худро фаромӯш мекунанд. Аз сӯйи дигар, омӯзгор ҳам ҳақ надорад, ки шогирдашро занад. Ин усул коромад ва саҳеҳ нест, заифии устодро нишон медиҳад».
Феълан мурофиаи судӣ ҷараён дорад ва қарор аст, ки ояндаи наздик суд ҳукми худро оид ба ин қазия эълон кунад.

Ноябрь 20, 2015 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 август дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоӣ, Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
11 август дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад