Боздид аз комплекси ширӣ-молии Корхонаи давлатии кишоварзии Палос
Душанбе, 27. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-26 ноябр раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни шиносоӣ бо фаъолияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комплекси ширӣ-молии Корхонаи давлатии кишоварзии Палос дар ҷамоати шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов бо ҷараёни парвариш ва нигоҳубини чорвои сиёҳало ошно гардид.
Зимни боздид зикр шуд, ки вақти таъсиси корхонаи давлатии кишоварзии Палос танҳо 70 сар чорвои калони шохдор мавҷуд буда, имрӯз саршумори он то ба 450 сар расонида шудааст. Дар хоҷагии Палос хушзоткунии чорво имконият фароҳам овард, ки иқтидори парвариш зиёд карда шуда, зоти сиёҳалои тоҷикӣ ба вуҷуд оварда шавад.
Дуруст ба роҳ мондани корҳои зообайторӣ ва афзун намудани заминаи истеҳсоли хӯроки чорво боиси зиёд гаштани саршумори чорво гардидааст. Дар ин замина соли равон хоҷагӣ барои таъмини чорво бо хошок аз 420 гектар хошок ҷамъоварӣ намудааст. Ҳоло дар хоҷагиҳои назди агентӣ барои таъминоти пурраи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ва дигар сохторҳои қудратии ҳудуди вилояти Суғд имкониятҳои васеъ мавҷуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






