Боздиди корхонаҳои Тоҷикистон аз намоишгоҳи байналмилалии ITMA дар Милан

Ноябрь 12, 2015 04:08

Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз бузургтарин намоишгоҳҳои дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои истеҳсоли либос ва маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон — ITMA (www.itma.com) боздид ба амал меоранд. Бори нахуст аст, ки гурӯҳи корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ, ки имрӯз, 12-уми ноябр, дар маркази мӯди ҷаҳонӣ — шаҳри Милани Итолиё оғоз шуд, боздид мекунанд.
Аз Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ҳафтрӯза ширкатҳои  “Ваҳдат”, “Мафтуна”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Ноҳид”, “Олим Текстайл”, “Ортекс” ва “Спитамен Текстайлз”иштирок мекунанд.  Сафари мазкур аз ҷониби лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи «Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат» баргузор мешавад.
ITMA намошгоҳи маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ буда, ба зиёда аз 1500 ширкати 40 кишвар имкон медиҳад то дастгоҳу таҷҳизот ва фанновариҳои нави худро ба истеҳсолкунандагони либос аз 140 кишвари ҷаҳон намоиш диҳанд. ITMA ширкатҳоеро, ки дар ҷустуҷӯи шарикон ҳастанд, ба ҳам мепайвандад ва дурнамои нави ҳамкориро дар саросари занҷираи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ фароҳам меоварад. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳайати Тоҷикистон барои  барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ бо истеҳсолкунандагони  дастгоҳу таҷҳизоти соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, боло бардоштани сатҳи огаҳӣ аз роҳҳо ва василаҳои нави коркарди мавод, пайдо кардани ҳамкорони нав дар соҳаи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли ришта ва шиносоӣ бо технологияҳои муосири чопӣ имкон пайдо хоҳад кард. Намоишгоҳ ба ҳайси макони муҳим барои табодули таҷриба ва барқарор кардани робитаҳои нав барои пешсафони соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон хидмат хоҳад намуд”.
Дар баробари пешниҳоди технологияҳои муосиру пешрафта, намоишгоҳи мазкур ҳамчунин мизбони форум ва ҳамоишҳои гуногуни марбут ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ба монанди «Ҳамоиши дувуми ҷаҳонии соҳаи нассоҷӣ» (13-уми ноябр) ва «Ҳамоиши нассоҷии рақамӣ2 (15-уми ноябр) мешавад.

Ноябрь 12, 2015 04:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд