«Бозёфтҳо» муайян шуданд
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар).-Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ даври аввали озмуни телевизионии ихтироъкорони наврас таҳти унвони «Бозёфт» баргузор гардид.
Дар озмун 32 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Истаравшан, Конибодом, Ашт, Исфара, Ғончӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Зафаробод, Ҷ.Расулов ва Мастчоҳ иштирок намуданд.
Озмунро устодону олимони донишкада Шаҳодат Шарипова, Абдулло Насруллоев, Охунбобо Раҳимов ва Одилхӯҷа Солиев баҳогузорӣ намуданд.
Дар ҷамъбаст 12 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Конибодом, Исфара ва Панҷакент ғолиб дониста шуда, онҳо дар даври дуюми озмун, ки моҳи январи соли 2016 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






