Бозёфти сиккаҳои шоҳони кӯшонӣ аз Чимқурғони Шаҳринав
Душанбе, 3.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо сардории доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ бахшида ба 3000- солагии Ҳисор аз 10 август то 30 сентябри соли 2015 дар бостоншаҳри Чимқурғони ноҳияи Шаҳринав ҳафриёт гузаронданд. Дар натиҷа анбори шоҳӣ бо зиёда аз 20 хум кашф гардид. Ҳамчунин шумораи зиёди зарфҳои сафолӣ — хумҳо, хумчаҳо, косаҳо, ҷомҳо, кӯзачаҳо, миҷмари оташ, дукҳои бофандагӣ, ангуштариҳои нигиндори биринҷӣ, пораи ханҷари оҳанӣ, ҳайкалчаи гилии мард, сиккаҳои нуқрагии шоҳони Бохтар- Деметрий ва Евкратид, сиккаи мисии Евтидем, сиккаҳои миссии шоҳони кӯшонӣ Вима Такту- Сотер Мегас, Вима Кадфиз, Канишка, Васудева ёфт шуданд.
Сиккаҳо ба охири асри III п.м. — II мелод тааллуқ доранд. Дар асоси сиккаҳо ва осори дигар муайян карда шуд, ки Чимқурғон ба давраи Кӯшониён тааллуқ дошта, аз калонтарин шаҳрҳои водии Ҳисор будааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






