Бунёди маҷмааи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ҳусни Хуҷандро бештар хоҳад кард
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Шаҳраки донишҷӯёнро, ки дар миёни маҳаллаҳои 19-20 ва 17-уми соҳили рости шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, бунёди боз як иншооти таърихию фарҳангии меъморӣ ҳусну таровати бештар хоҳад бахшид.
Бо иқдоми роҳбарияти вилоят дар ин макон маҷмааи меъморию таърихии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик қомат хоҳад афрохт. Маҷмаа аз пайкараи Темурмалик бо киштӣ, дарёчаи рамзӣ, чеҳраҳои ҳамсафони муборизи ӯ ва дигар бахшҳои фарҳангию фароғатӣ мураттаб мегардад. Иқдоми мазкур пеш аз ҳама барои донишҷӯёне, ки дар мактабҳои олии ин мавзеъ таҳсил мекунанд, таъсиргузор мешавад ва онҳоро дар руҳияи худшиносию ватанпарварӣ ва дӯст доштани арзишҳои таърихии миллӣ тарбият хоҳад кард, зеро корномаи Темурмалики муҳофизу мубориз ва ҷоннисори роҳи озодии Ватан барои насли имрӯз дарси далерию мардонагист. Эҳёи арзишҳои таърихӣ арҷгузорӣ ба гузаштаи пурифтихори миллат аст.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, роҳбари вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба масъулини сохтмон, олимону таърихшиносон, меъморон ва аҳли адаб дастур дод, ки ҳангоми амалисозии корҳои лоиҳакашӣ ва тарҳрезӣ хусусиятҳои аслию таърихии замони Темурмаликро ба назар гиранд ва ин макони тамошобоб барои кулли шаҳрвандон дастрасу оммавӣ гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






