Чанд ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ду рӯз

Ноябрь 16, 2015 06:54

Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 14-уми  ноябр, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира”, сокини 32-солаи  шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар километри 238-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба қафои мошини тамғаи “Долун”, таҳти идораи ронанда, сокини 38-солаи ноҳияи Бохтар бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири тамғаи “Опел-Зефира”, сокини 31-солаи шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаааст. Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зефира” ва мусофири дигари мошини мазкур низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд. 
Ҳамчунин 15-уми  ноябр, ронандаи мошини тамғаи “Муссо”, сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Меҳнати ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ҷавони 23-солаи сокини маҳалиро пахш намудааст. Дар натиҷа ҷавон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. 

Ноябрь 16, 2015 06:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад