Чаро дар Душанбе интиқоли неруи барқ бе огоҳӣ қатъ мегардад?

Ноябрь 18, 2015 12:13

Душанбе, 18.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз аз соати 12 то 13-и рӯз  дар маркази ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 40, бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якбора интиқоли неруи барқ қатъ шуд. Ҳангоме ки масъулини АМИТ «Ховар», ки идораи он дар бинои МТС назди Президенти Тоҷикистон ҷойгир аст,  бо мақсади муайян намудани сабаби якбора ва беогоҳӣ қатъ шудани интиқоли неруи барқ ба роҳбарияти шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе муроҷиат карданд, Маҳмадисо Наимов,  роҳбари ин муассиса изҳор кард, ки коргарони шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе тибқи нақшаи тасдиқшуда ноқили барқро иваз намуданд. Бинобар ҳамин интиқоли барқ якбора қатъ шудааст. М. Наимов зикр кард, ки онҳо ҳамаи роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳоро аз тасмими қатъ кардани барқ пешакӣ огоҳ карда буданд, вале бо сабабҳои номаълум огоҳ намудани АМИТ «Ховар»-ро фаромӯш кардаанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба мутасаддиёни Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ бо саволе муроҷиат кард, ки оё намояндагони ШБД (Шабакаҳои барқи Душанбе) ин муассисаҳоро аз нақшаи қатъ намудани интиқоли неруи барқ дар нисфирӯзии 18-уми ноябр огоҳ карда буданд, ҳамагӣ посух доданд, ки ШБК аз тасмимашон  онҳоро огоҳ накардааст.
Дар баробари ҳамин, хабарнигори АМИТ «Ховар» ба роҳбарияти шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо савол муроҷиат кард, ки чаро неруи барқ дар маркази пойтахт муддати як соат набуд? Сармуҳандиси идораи шабакаҳои барқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Шералӣ Раҷабов ба саволи хабарнигор чунин посух дод, ки интиқоли неруи барқ бо сабаби рӯй додани садама қатъ шудааст ва илова намуд, ки ҳоло сабабҳои рӯй додани садамаи мазкур, ки дар зеристгоҳи корхонаи шароббарорӣ ба амал омада буд, муайян мешаванд.
Аз ин тавр мухолифи ҳамдигар шарҳ додан ва баҳона ҷустани масъулини соҳа бармеояд, ки идораи шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе ба давраи зимистонгузаронии имсола омодагии пурра надорад. Ба ибораи дигар, сокинони пойтахт омода бошанд, ки идораи шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе бе огоҳӣ ва яку якбора метавонанд дар дилхоҳ корхона, идораву муассиса ва биноҳои истиқоматӣ интиқоли неруи барқро қатъ намоянд. Хуб мебуд, агар ШБД воқеан ҳам  барои корҳои таъмириву пешгирӣ интиқоли неруи барқро қатъ карданӣ бошанд, пешакӣ масъулини корхонаву муассисаҳоро огоҳ кунанд ва дар сурати рӯй додани садамаҳои ғайричашмдошт онро пинҳон накарда, аз пай ислоҳи камбудиҳо шаванд.

Ноябрь 18, 2015 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд