Чкалов: Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандаги бо фарогирии 100 нафар зан
Чкалов, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳраки Палоси шаҳри Чкалов бо иштироки Раиси вилояти Сугд Абдураҳмон Қодирӣ ва сардори Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ Лолахон Раҳмонзода коргоҳи дӯзандагии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ифтитоҳи корхонаи нави дӯзандагӣ имкон фароҳам овард, то ки беш аз 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шаванд.
Тавре ки аз хадамоти иттилоотии раиси вилоят хабар доданд, зимни ифтитоҳ зикр гардид, коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби Агентии мазкур бо харҷи зиёда аз 400 ҳазор сомонӣ бунёд ёфта, асосан барои омода кардани либоси низомӣ равона шудааст. Дар корхонаи навтаъсис зиёда аз 60 адад мошинаи чокдӯзӣ насб гардида, занони маҳаллӣ ба дӯхтани либоси низомӣ машғул ҳастанд. Ашёи хоми коргоҳ аз корхонаҳои нассоҷии вилоят гирифта шуда, сад дар сад пахтагин мебошад ва бо сифати баланд, мутобиқ ба стандартҳои байналхалқӣ омода мешавад. Корхона имкон дорад бо тамоми воҳиду сохторҳои низомии ҳудуди вилоят шартнома ба имзо расонида, барои афсарону аскарон либосҳои махсуси соҳавӣ омода созад.
Ҳоло дар шаҳраки Палос зиёда аз 4 ҳазор шаҳрванд икомат дошта, ифтитоҳи корхонаи мазкур боиси ҷалб бо ҷои кори доимӣ таъмин гаштани занону духтарони шаҳрак гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






