Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳамкории ММ бо ШФ доир гардид
Душанбе,13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Русия зимни ҷаласаи панҷуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе матраҳ гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Абдураҳмон Қодирӣ- муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ ва Евгений Бушмин -муовини раиси Шӯрои Федератсияи Русия, ки ҳамраисони комиссияи мазкуранд, доир гардид.
Иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба татбиқи амалии вазифаҳоеро, ки аз ҳуҷҷати хотимавии Форуми байнипарлумонии «Русия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» бармеоянд, инчунин дурнамои ҳамкории судманди Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия оид ба рушди ҳамкорӣ, таъмини ҳуқуқӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо, фарҳанг ва гуманитарӣ, нақшаи кории Комиссия барои соли 2016-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон зарурати ҳамкории ҷадид дар бахши ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ матраҳ гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро роҷеъ ба доир намудани Форуми навбатии байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» дар соли 2016 дар Душанбе изҳор доштанд.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






