Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҳамкории ММ бо ШФ доир гардид

Ноябрь 13, 2015 07:11

Душанбе,13.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Русия зимни ҷаласаи панҷуми Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия дар Душанбе матраҳ гардид. Ҷаласа таҳти раёсати Абдураҳмон Қодирӣ- муовини аввали раиси Маҷлиси миллӣ ва Евгений Бушмин -муовини раиси  Шӯрои Федератсияи Русия, ки ҳамраисони комиссияи мазкуранд, доир гардид.
Иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба татбиқи амалии вазифаҳоеро, ки аз ҳуҷҷати хотимавии Форуми байнипарлумонии  «Русия — Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» бармеоянд, инчунин дурнамои ҳамкории судманди Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия оид ба рушди ҳамкорӣ, таъмини ҳуқуқӣ дар соҳаҳои иқтисоду савдо, фарҳанг ва гуманитарӣ, нақшаи кории Комиссия барои соли 2016-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон зарурати ҳамкории ҷадид дар бахши ҳимояи ҳуқуқ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои муҳоҷирони меҳнатӣ, ташкили марказҳои муосири логистикӣ ва ҷойҳои нави корӣ, густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии байниминтақавӣ матраҳ  гардиданд.
Ҷонибҳо ҳамзамон омодагии худро роҷеъ ба доир намудани  Форуми навбатии байнипарлумонии «Тоҷикистону Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» дар соли 2016 дар Душанбе  изҳор доштанд.

Ноябрь 13, 2015 07:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа