Дар Хоруғ корхонаи истеҳсоли картошкаи бирён бунёд мешавад

Ноябрь 2, 2015 04:22

Хоруғ, 2.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ дар ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли картошкаи бирён бо истифода аз картошкаи ватанӣ ба кор андохта мешавад. Корхонаи мазкур бо ибтикори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Маҳсулоти ғизоии кӯҳӣ» бунёд ёфта, ба гуфтаи роҳбари он Садрия Мародмамадова  дар он 20 сокини маҳалӣ ба кор ҷалб хоҳад шуд.
Дар оянда дар корхона ният доранд як навъ маҳсулотро бо номи чипс истеҳсол намоянд. Роҳбари ҷамъияти мазкур  Садрия Мародмамадова гуфт, ки ин намуди маҳсулот  дар бозори дохилӣ талабгорони зиёд дорад  ва он асосан аз картошка истеҳсол  мешавад. Аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ  ба парвариши  картошка машғул мешаванд  ва ҳосили хубу босифатро  ба даст меоранд. Аз ин рӯ зарурати интиқоли  ин маҳсулот аз кишварҳои хориҷӣ вуҷуд надорад ва он танҳо  ба иқтисоди  мо зарар меорад. Агар мо ин намуди маҳсулотро худамон тавлид кунем, ҳам  даҳҳо нафар аз ҳамдиёрон  соҳиби ҷои кор мегарданд  ва ҳам сифати маҳсулотро ба таври комил кафолат медиҳем. Ҳоло сохтмони корхона идома дорад. Ба гуфти Садрия Мародмамадова дар  рӯзҳои наздик таҷҳизоти  зарурӣ ба корхона ворид мешаванд ва баъди васл кардани он ба кор шуруъ мекунем. Дар назди корхона ошхонаву меҳмонхона низ мавҷуд аст.

 

Ноябрь 2, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад