Дар Хоруғ ошпази тарабхона бо маводи нашъаовар дастгир гардид
Душанбе, 03.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ ошпази тарабхонаи шаҳрро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастгир намуданд ва ба бинои Раёсати агентӣ оварданд. Дар ҳузури одамони холис аз кисаи шими ӯ се қуттичаи пластикӣ дарёфт гардид, ки дар дохили он героин ва афюн мавҷуд буд. Ҳоло сарчашмаи пайдо намудани маводи нашъаовар муайян гардида истодааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






