Дар Ҷиргатол 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъол аст
Ҷиргатол, 11.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли хониши 2015 — 2016 дар ноҳияи Ҷиргатол 61 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад. Аз ин шумора мактабҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ 20 адад, бо забони тоҷикию қирғизӣ 18 адад ва бо забони қирғизӣ 23 ададро ташкил медиҳанд, ки дар онҳо хонандагон бо забони тоҷикию қирғизӣ таълим мегиранд.
Барои боз ҳам беҳтар намудани кори таълиму тарбия дар соли хониши 2015 — 2016 бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ду муассисаи ибтидоӣ дар деҳаҳои Яраш ва Ҷолборстӣ ба муассисаи асосӣ табдил дода шуд. Инчунин ду муассисаи томактабӣ дар деҳаҳои Чоргул ва Ёрмазор ва як муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи Сарғойи поён аз нав таъсис дода шуд.
Бо мақсади бо кадрҳои дорои маълумоти олӣ таъмин намудани мактабҳои ноҳия 1143 донишҷӯй дар мактабҳои олии кишвар, дар Ҷумҳурии Қирғизистон 375 нафар ва дар коллеҷҳо 302 донишҷӯ бо муваффақият таҳсил доранд, ки зиёда аз 500 нафарашон дар соҳаи омӯзгорӣ мехонанд, ки аз ин ҳисоб дар оянда мушкилоти кадрии соҳаи маорифи ноҳия бартараф хоҳад шуд.
Соли равон масъулини маорифи ноҳияи Ҷиргатол 70 омӯзгори ҷавон ва 14 донишҷӯи шуъбаи ғоибонаро бо кори доимӣ таъмин намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






