Дар Канада масҷидро оташ заданд
Душанбе, 16.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Шахсони номаълум дар шаҳри Нетерборои музофоти Онтариои Канада масҷидро дар аснои ид ба муносибати таваллуди кӯдак оташ заданд. Агентии «Ассошиэйтед пресс» зимни истинод ба пулиси маҳаллӣ дар ин бора хабар дод.
Роҳбари ҷамоаи мусулмонон Кензу Абдулло изҳор дошт, ки бинои масҷид баъди сӯхтор хароб гардида, дигар мавриди истифода қарор намегирад. Кензу Абдулло масҷидро «маъвои сулҳу субот» қаламдод карда, ҳамлагаронро маҳкум намуд.
Пулиси шаҳр итминон дорад, ки сӯхтор натиҷаи аъмоли сӯиқасдчиён аст.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






