Дар маркази таълимии АНМН курсҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд

Ноябрь 2, 2015 08:45

Душанбе, 2. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Тибқи қароре, ки дар вохӯрии гурӯҳи кории роҳбарони ҷузъу томҳои иттилоотӣ-таҳлилии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар агентӣ қабул шуд, 2 ноябр дар заминаи Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ тренинги чоррӯза барои кормандони шуъбаҳои таҳлилии агентӣ, ВКД, КДАМ, СҚС КДАМ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ нисбат ба омода сохтани маводи оморӣ ва ҳисобот аз рӯи натиҷаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар оғоз гардид. 
Дар тренинг кормандони ҷузъу томҳои таҳлилӣ имкониятҳои асосии барномаҳои компютерии  MS Excel-ро дар коркарди маводи омории вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар меомӯзанд. 
Инчунин машғулиятҳои интерактивӣ бо техникаи компютерӣ гузаронида мешаванд. 

Ноябрь 2, 2015 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд